Саҳифаи асосӣ
- Ayrıntılar
- Super User tarafından yazıldı.
- Kategori: Таджикский
- Gösterim: 27
Нисбат ба мақолаҳои ба идора пешниҳодшуда, ташхиси аввалия (ташхисро аъзои таҳририя – мутахассисони бахшҳои марбутаи илм мегузаронанд), гузаронида шуда, сипас тибқи тартиботи муқарраршуда барои нашр қабул карда мешаванд. Талабот ба таҳия кардани мақолаҳо бо унвони "Қоидаҳо барои муаллифон" дар ҳар шумораи маҷалла чоп мешавад.
Дастнависи мақолаҳое, ки ба қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ нестанд, идора қабул намекунад. Эродҳо оид ба мазмун ва сохтори мақолаҳо то супурдан ба тақриз бояд ислоҳ карда шавад.
Сипас, мақолаҳо бо тартиби муайян аз ҷониби ҳайати таҳририяи маҷалла ё мутахассисони ба мавзӯи мақола алоқаманд (номзад ё докторҳои илм) тақриз дода мешаванд.
Тақриз бояд хусусиятҳои илмии мақола, аз ҷумла, навоварӣ дар масъалагузорӣ, муҳимият, арзишҳои фактологӣ ва таърихӣ, дақиқ будани иқтибосҳо, услуби баён, корбурди манбаъҳои муосир ва инчунин камбудиҳои чойдоштаро фаро гирад. Дар хулосаи тақриз баҳои умумӣ ва тавсия барои нашр ё баъд аз ислоҳ нашр кардан, ё барои тақризи иловагӣ гирифтан аз мутахассиси марбут ба мавзӯъ, ё ба чоп тавсия надодан, бояд қайд шавад.
Ҳаҷми тақриз бояд на камтар аз як саҳифа бошад.
Мақолае, ки ба такмил зарурат дорад, бо қайду эродҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон баргардонида мешавад. Муаллифон бояд ислоҳоти лозимиро ба мақола ворид карда, нусхаи охирини мақоларо якҷоя бо шакли электронии он ва матни дастнависи аввала ба идора супоранд. Пас аз такмили муаллиф мақола дубора барои тақриз фиристода мешавад ва ҳайати таҳририя қарори нашр шудани онро мебарорад.
Мақола ҳамон вақт барои нашр пазируфта мешавад, ки тақризи ба он дода шуда мусбат бошад ва ҳайати таҳририя онро ҷонибдорӣ намоянд. Тартиб ва навбати чопи мақола ба санаи расидани нусхаи охирини ислоҳшуда ба хайати тахририя вобаста мебошад.
Тақризнависӣ ба мақола ба таври махфӣ сурат мегирад.
Ошкор кардани ҷузъиёти махфии тақриз ҳуқуқи муаллифро вайрон мекунад. Нусхабардории мақола барои корҳои шахсӣ ба муқарризон иҷозат дода намешавад.
Муқарризон ва инчунин ҳайати таҳририя то лаҳзаи аз чоп баромадани мақола ҳуқуқи истифодабарии маълумоти дар мақолаҳо дарҷ шударо надоранд.
Ҳайати таҳририяи маҷалла ба таваҷҷуҳи муаллифон мерасонад, ки мақолаҳои худро дар шаклҳои чопию электронӣ бо назардошти ҷанбаҳои илмию амалии таълифот ирсол намоянд.
Дар Маҷаллаи академии ҳуқуқ мақолаҳое чоп карда мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқот оид ба масъалаҳои илми ҳуқуқшиносӣ бошанд.
Мақолаҳо мутобиқ ба қоидаҳои мазкур бо тавсияномаи яке аз шуъбаҳои Институт ё яке аз аъзои ҳайати таҳририя барои чоп қабул карда мешаванд.
Ҳаҷми мақолаҳо якҷоя бо тасвир, ҷадвал, нақшаҳо ва калидвожаю фишурдаи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд то як ҷузъи чопӣ (то 16 саҳифаи чопи компютерӣ) бошанд. Фишурдаи мақола ба як забон на зиёдтар аз чор ҷумла ва миқдори калидвожаҳо бояд то даҳ адад бошанд. Матн бояд дар файли барномаи Microsoft Office Word пешниҳод шуда, андозаи ҳарфҳо 14, гарнитураи Times New Roman (барои мақолаҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj (барои мақолаҳои тоҷикӣ), фосилаи 1,5 ва канораҳои матн аз ҳар тараф – 2,5 см бошанд. Корбурди ҳарфҳои хосси тоҷикӣ дар мақолаҳои тоҷикӣ, фишурда ва калидвожаҳо ҳатмист. Саҳифаҳо бояд рақамгузорӣ шуда бошанд.
Ба мақола тавсияи муассиса (барои муаллифони беруна), тақризи шуъбаи марбутаи Институт, фишурда, калидвожаҳо (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар ду нусха, бо нишондоди унвони мақола, сарҳарфи ном ва насаби муаллиф ҳамроҳ карда мешаванд.
Барои чоп маводи таҳқиқотие, ки қаблан дар дигар нашрияҳо чоп нашуда бошанд, қабул карда мешаванд. Дар охири мақола, баъд аз матн ва фишурдаи мақола, рӯйхати адабиёти истифода шуда зикр гардида, аз тарафи чап номи муассисае, ки мақоларо пешниҳод кардааст, инчунин маълумот дар бораи муаллиф, телефон ва имзои муаллиф (муаллифон) оварда мешавад.
Ҳангоми тартиб додани рӯйхати адабиёти истифодашуда мушаххасоти зеринро бояд қайд кард: а) барои китобҳо – насаб ва сарҳарфи ном ва номи падар, унвони пурраи китоб, макони чоп, нашриёт, соли нашр, рақами ҷилд, саҳифа; б) барои мақолаҳо аз маҷаллаву маҷмӯаҳо – насаб ва сарҳарфи ном ва номи падар, унвони пурраи мақола, номи маҷалла ё маҷмӯа, соли нашр, шумора ва саҳифа (барои маҷмӯа). Ҳангоми иқтибоси такрорӣ аз як манбаъ шакли маъмулии ихтисоршавӣ истифода мешавад.
Агар дар матн ҷадвалҳо оварда шуда бошанд, нусхаҳои иловагии онро дар варақ чоп карда, бо нишон додани саҳифаи матлуб ба мақола ҳамроҳ кардан лозим аст.
Дар ҳолати баргардонидани мақола ба муаллиф барои ислоҳот ё ҷиҳати таҳрир муаллиф бояд ислоҳоти заруриро ворид карда, нусхаи охирини ислоҳшударо якҷоя бо нусхаи аввалӣ, инчунин шакли электронии мақолаи ислоҳшударо ба идора бозгардонад.
Масъулияти истифодаи маълумоте, ки барои чопи озод иҷозат нест, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба дӯши муаллифон аст.
Идораи маҷалла ҳуқуқи ихтисор намудан ва ба дастнависҳо таѓйирот ворид карданро дорад.
Мақолаҳое, ки ба қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ нестанд, барои чоп қабул карда намешаванд.